Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷҷи умра кардааст

Эмомалӣ Раҳмон. 19 июли соли 2023

Дар ҳоле ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ҳукумати Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ танқид мекунанд, президент Эмомалӣ Раҳмон бори панҷум ҳаҷҷи умраро адо кардааст. Дафтари матбуоти президент навишт, оқои Раҳмон 19-уми июл маносики ҳаҷҷи умраро адо карда, бори дигар дохили хонаи Каъба, қиблаи мусалмонон шуд.

Эмомалӣ Раҳмон 18-уми июл бо ҳадафи ширкат дар нахустин нишасти сарони давлатҳои узви Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ва Осиёи Марказӣ ба Арабистони Саудӣ рафта буд. Қарор аст ин нишаст 19-уми июл дар шаҳри Ҷидда баргузор шавад.

Ҳаҷҷи умра кардани президент ва ҳайате аз мақомдорони ҳукумати Тоҷикистон дар ҳолест, ки худи Эмомалӣ Раҳмон, чанде пеш афзоиши зиёрати Ҳаҷ аз тарафи сокинонро танқид карда, онро худнамоӣ ва зиёдаравӣ номида буд. Айни ҳамин танқид ду моҳ пеш аз забони як масъули Кумитаи дин ҳам садо дода буд.

Эмомалӣ Раҳмон шоми 27-уми июн дар паёми табрикиаш ба муносибати Иди Қурбон аз он нигаронӣ карда буд, ки бархе сокинон "зиёрати хонаи Худоро ба як навъ мусобиқаи оилавӣ ва авлодӣ табдил дода, чандин маротиба ба ҳаҷ, аз ҷумла ба ҳаҷҷи умра рафта истодаанд."

Тарафдорони ҳукумат адои ҳаҷ аз тарафи Эмомалӣ Раҳмонро як навъ эҳтироми ӯ ба арзишҳои динӣ унвон мекунанд, вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ раиси ҷумҳури феълии Тоҷикистонро барои маҳдуд кардани озодиҳои динӣ дар дохили кишвар танқид мекунанд.

Манъи рафтани ноболиғон ба масҷид, маҷбуран тарошидани риши мардон, муайян кардани мавзӯи суҳбати имомхатибон ва манъи равияи Шоҳидони Яҳво аз ҷумла танқидҳоест, ки нисбати ҳукумати Тоҷикистон борҳо садо додааст.