Путин: Ба таркиши пули Қрим посух хоҳем дод

Владимир Путин

Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин шоми душанбе бо раҳбарони минтақаҳои ҳамшафати пули Қрим ва Вазорати нақлиёти ин кишвар ҷаласаеро баргузор кард.

Ӯ ҳамла ба пули Қримро амали террористӣ номида, гуфт, Русия ба он посух хоҳад дод. Ба гуфтаи вай, Вазорати дифои Русия аллакай пешниҳодҳои худро ироа кардааст.

Путин ҳамла ба пули Қримро на танҳо бераҳмона, балки аз нигоҳи низомӣ ҳам бемаъно номида, афзуд, ки пул дигар барои ҳамлу нақли низомӣ истифода намешуд.

Шаби 16 ба 17-уми июл пули Қрим мавриди ҳамла қарор гирифт. Дар пайи ҳамла, ки гуфта мешавад бо дрон ё бесарнишинҳо анҷом шуд, ду нафар кушта ва як кӯдак сахт захмдор шудааст. Ҳаракати мошинҳо ҳам дар ин пуле, ки Русияро ба нимҷазираи ишғолшудаи Қрим пайваст мекунад, манъ шудааст.

Моҳи октябри соли гузашта ҳам дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бушкаи бензин шуд.

Он вақт президенти Русия Владимир Путин Хадамоти махсуси Украинаро ба ташкили таркиш дар пули Керч айбдор карда буд.