Бар асари як таркиш субҳи имрӯз ҳаракати мошинҳо дар пули Қрим манъ шуд. Ин пул Русияро бо нимҷазираи ишғолшудаи Қрим мепайвандад.
Кумитаи миллии зиддитерористии Русия хабар дод, ки ҳамла ба пули Қрим ба воситаи ду бесарнишини неруҳои украинӣ анҷом шудааст. Расонаҳои украинӣ аз қавли манобеашон навиштанд, ҳамларо артиши Украина ва Хадамоти амнияти ин кишвар ҳамоҳанг кардаанд.
Сергей Аксенов, раҳбари ин минтақаи аз сӯйи Русия ғасбшудаи Украина субҳи 17 -уми июл гуфт, пули Қрим бо сабаби сар задани як "ҳолати изтирорӣ" баста шуд. Вазорати нақлиёти Русия эълон кард, ки дар таркиши Қрим, танҳо қисмати роҳи мошингарди пул осеб дидааст. Расонаҳо аз вайрон шудани қисматҳои дигари он хабар медиҳанд.
Манъи ҳаракат дар пул боиси тамбашавии мошинҳои зиёде дар даромадгоҳи он шудааст. Мақомоти Қрими ғасбшуда ва Вазорати нақлиёти Русия аз сокинон хостаанд, ки ба ин минтақа аз тариқи минтақаҳои дигари ишғолшуда сафар кунанд.
Шабакаи телеграми "База" ва "112" бо такя ба манбаъҳои худ навиштаанд, ки дар таркиши мошин дар пули Қрим, ду узви як оила аз вилояти Белгород фавтидаанд. Раҳбари Шӯрои давлатии Қрим Владимир Константинов, таркиш дар пулро кори Украина номид. Ӯ ҳамчунин ба Киев таҳдид кард, ки "интиқом" хоҳанд гирифт. Ҷониби Украина гуфт, хабарҳо дар бораи таркиш дар пули Қрим эҳтимол як иғвои Русия бошад.
Моҳи октябри соли гузашта ҳам дар роҳи мошингарди пули Қрим мошини бомбгузоришуда таркид ва сабаби оташ гирифтани 7 қатори бӯшкаи бензин шуд. Мақомоти Русия он вақт ҳам Украинаро масъули ин кор дониста, ба шаҳрҳои калони ин кишвар бо бесарнишинҳо ҳамла карданд.