Таҳдиди Путин барои истифода аз бомбҳои хӯшаӣ

Владимир Путин

Президенти Русия таҳдид кардааст, ки агар Украина аз бомбҳои хӯшаӣ истифода кунад, Маскав онро беҷавоб нахоҳад гузошт.

Владимир Путин дар мусоҳиба бо хабарнигори Кремл Павел Зарубин гуфтааст, "Федератсияи Русия захираи кофии бомбҳои хӯшаӣ дорад, вале то ҳол истифода накардааст."

"Бо вуҷуди камбуди лавозимот дар як давраи муайян ин корро накардем. Агар онҳо бар зидди мо бомбҳои хӯшаӣ истифода баранд, ҳақ дорем, посухи ҳамсон бидиҳем," -- афзудаст ӯ.

Раиси ҷумҳурии Русия дар айни замон шарҳ надода, ки дар кадом давра ва аз кадом навъи аслиҳа камбуд доштанд.

Вазорати дифои Амрико дар охири ҳафтаи гузашта гуфт, ки ба Украина бастаи нави кумакҳои низомӣ аз ҷумла бомбҳои хӯшаӣ фиристод.

Истифода аз бомбҳои хӯшаиро 110 кишвари ҷаҳон манъ карда, Амрико, Русия ва Чин зери ин эъломия имзо нагузоштаанд.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико, як ҳафта пеш гуфта буд, ки Украина барои истифодаи “эҳтиёткорона”- и бомбҳои хӯшаӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ кафолат додааст.

Бомбҳои хӯшаӣ як таҳдиди бузург ва дарозмуддат ба ҷони мардум номида мешаванд, чунки зуд наметарканд. Он тӯпхонаест, ки аз замин ё ҳаво партоб мешавад ва дар ҳаво мунфаҷир шуда, сабаби пайдо шудани даҳҳо бомби хурдтаре мегардад.