50 сарбози Русияро дар Украина маҳкум кардаанд

"Торнадо-Г"-и Русия

Додгоҳҳои Украина аз оғози ҳамлаи бедалели Русия ба ин кишвар зиёда аз 50 сарбози русро ба зиндон маҳкум кардаанд.

Дар ин бора додситони Украина Андрей Костин рӯзи 16-уми июл хабар дод. Ба иттилои ӯ, Украина дар ин давра зиёда аз 98 ҳазор мавриди таҷовуз ва ҷинояти ҷангиро сабт кард.

"Мо ин ҷиноятҳоро месанҷем, парвандаҳоро ба додгоҳ мефиристем ва ҳукм содир мешавад," -- гуфт Костин.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, бар асари ҳуҷуми Русия ба Украина, аз моҳи феврали соли 2022 то 30-юми июни имсол, 9177 ғайринизомӣ, аз ҷумла 535 кӯдаки украинӣ кушта шудаанд.

СММ бовар дорад, ки теъдодии воқеии кушташудагон ва маҷруҳон бештар аз ин аст.

Бо вуҷуди далелҳо, Русия иддао дорад, ки мардуми осоиштаро дар Украина ҳадаф нагирифта, нерӯҳояш ҷинояти ҷангӣ накардаанд.