"Пулиси ахлоқ"-ро дар Эрон дигарбора фаъол мекунанд?

Эрон

Бино ба гузоришҳо, Эрон гашти пулиси ахлоқро дар ин кишвар аз сар мегирад. Ҳадафи он риояи иҷрои қонунҳо дар бораи ҳиҷоб ё рӯсарии занон аст.

Сухангӯйи пулиси Эрон рӯзи 16-уми июл гуфт, нозирон дар ҷойҳои иҷтимоӣ "онҳоеро, ки либоси ғайриодӣ мепӯшанд" ва "меъёрҳоро вайрон мекунанд", нишон хоҳанд гирифт.

Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки бино ба паёмҳои таъйиднашуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуё мошинҳои пулиси ахлоқро дар чанд шаҳри Эрон дидаанд.

Дар пайи нооромиҳое, ки пас аз марги Маҳсо Аминӣ дар моҳи сентябри соли 2022 сар зад, гашти пулиси ахлоқ дар Эрон боздошта шуд.

Наздиконаш гуфтанд, Аминии 22-сола ба гумони риоя накардани ҳиҷоб боздошт шуда, бар асари латукӯб ҷон дод.

Дар нооромиҳои соли гузашта дар Эрон камаш 500 нафар кушта ва даҳҳо ҳазор нафар дастгир шуданд.