Бенямин Нетаняҳу "бистарӣ шуд, аммо вазъаш хуб аст"

Бенямин Нетаняҳу

Дафтари нахуствазири Исроил гуфт, ки Бенямин Нетаняҳу рӯзи 15-уми июл дар шифохона бистарӣ шуд, аммо вазъаш хуб аст.

Нетаняҳуи 73-сола дар наворе, ки тавассути телевизиони Исроил пахш шуд, гуфт, "Худоро шукр, худамро бисёр хуб ҳис мекунам."

Сарвазири Исроил гуфт, рӯзи 14-уми июл дар айни гармии ҳаво барои истироҳат ба Баҳри Ҷалил рафта буд. Ҳарорат дар онҷо рӯзи 15-уми июл ба 42 дараҷа расид.

Расонаҳои Исроил гуфтанд, Нетаняҳу дар роҳ ба бемористон комилан ҳушёр буд ва бо пойи худаш ба ҳуҷраи ёрии таъҷилӣ даромад.