Озарбойҷон ҷудоиталабони арманиро ба эҷоди хатар муттаҳам кард.

Озарбойҷону Арманистон борҳо барои Кӯҳистони Қаробоғ бо ҳам ҷангидаанд.

Мақомоти Озарбойҷон рӯзи 15-уми июл ҷудоиталабони арманӣ дар вилояти Кӯҳистони Қаробоғро ба халалдор кардани парвози ҳавопаймоҳои мусофирбар муттаҳам карданд.

Иттиҳомзанӣ дар ҳолест, ки қарор аст, Арманистону Озарбойҷон ду кишвари душман бо ҳам бо миёнҷигарии Иттиҳоди Аврупо дар бораи сулҳ гуфтугу кунанд.

Дар баёнияи ҳукумати Озарбойҷон омадааст, ки «ҷудоиталабони арманӣ бо истифода аз мавҷҳои радиоӣ ва халалдор кардани системаи раҳнамоии ҳавопаймоҳои дохиливу хориҷӣ дар қаламрави кишвари мо» ҳаракати онҳоро халалдор мекунанд, ки амнияти ҳавопайморо зери хатар мегузорад.

Қарор аст, Илҳом Алиев, раиси ҷумҳури Озарбойҷон ва Никол Пашиниён, нахуствазири Арманистон рӯзи шанбе дар шаҳри Брюссел дар бораи сарнавишти Куҳистони Қаробоғ гуфтугу кунанд. Музокиротро Чарлз Мишел, раиси Шурои Аврупо миёнҷигарӣ мекунад.

Ду кишвар баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар солҳои 90-ум барои вилояти Кӯҳистони Қаробоғ, ки як вилояти арманишини Озарбойҷон аст ва даъвои истиқлол мекунад, борҳо ҷангидаанд.