Низомиёни Русия шаби 14-уми июл бо истифода аз дронҳои эронӣ ба шаҳри Кривой Рог, зодгоҳи Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина зарба задаанд. Мақомоти расмӣ гуфтанд, ки як корхонаи обу корез ва қароргоҳи он осеб дидаанд.
Сергей Лисак, раиси вилояти Днепропетровск гуфт, ки дар инҷо неруҳои Украина 6 паҳпод ва ё дронро дар ҳаво нобуд кардаанд, вале маҳви ҳамаи онҳо муяссар нашудааст. Ба қавли ӯ, дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия чанд хона аз ҷумла ду бинои дутабақаи истиқоматӣ осеб дидаанд ва як марди 56-сола захмӣ шудааст.
Неруҳои ҳавоии Украина гуфт, ки дар маҷмуъ Русия аз ҷабҳаи шимолу шарқӣ бо 17 паҳпод ҳамла кардааст ва 16 адади он маҳв шуданд. Аммо дурустии хабарҳо аз ҷангро тасдиқ кардан номумкин аст, чун ҳарду тараф аз дастоварди худу шикасти тарафи муқобил сухан мегӯянд.