Пулис дар шаҳри Маскав рӯзи 6 июл фаъоли ҷамъиятӣ ва блогери узбекистонӣ Фарҳодҷон Умирзоқовро аз ҷои кораш бурдааст.
Додгоҳи ноҳияи Лефортови шаҳри Маскав рӯзи 7 июл барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират қарори ихроҷи ӯро аз Русия содир кард.
Наздикони Фарҳодҷон мегӯянд, қарори ихроҷи вай ба фаъолиятҳояш дар ҳизби ғайрирасмии "Ҳақиқат, Тараққиёт ва Бирдамлик"-и Узбекистон рабт дорад. Ин ҳизб ахиран таъсис шуд, аммо расман сабти ном нагардидааст. Фарҳодҷон аз муҳоҷирони узбекистонӣ дар Русия барои сабти номи ҳизб имзо ҷамъ меовард.