Рӯйхати бемориҳое, ки монеи пайвастан ба артиши Русия мешаванд

Сарбозони Русия. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Русия рӯйхати бемориҳои сироятиеро нашр кардааст, ки шахсони мубталоро ба онҳо ба артиш ва ҷанг намебаранд.

Тибқи ин санад 27 навъи беморӣ, аз ҷумла онҳое ки ба вируси норасоии масунияти бадан ё ВИЧ, Гепатити Б ва С, сил сироят ёфтаанд ё аз дарди дил ранҷ мекашанд, дар давраи ҷанг ва мобилизатсия ба хидмати қарордодӣ дар Русия даъват нахоҳанд шуд.

Думаи давлатии Русия 20-уми июн қонунеро қабул кард, ки бар асоси он шаҳрвандони дорои доғи судӣ ва маҳкумшудаҳо ҳам ба хидмат дар артиш ё ҷанг бурда мешаванд. Тибқи ҳамин қонун шахсоне, ки пурра солим нестанд ё қисман қобили хидмат эътироф шудаанд ба артиш даъват хоҳанд шуд. Қаблан аз чанд мавриди ба ҷанг сафарбар шудани шахсони бемор дар Русия гузориш шуда буд.