Туркманистон: Боздошти гадоҳо барои ҳифзи обрӯи президент

Акс аз бойгонӣ

Дар Туркманистон амалиёти ғайриодиро ба зидди талбандаҳо оғоз кардаанд, чун ба бовари мақомот обрӯйи президенти он кишварро мерезонад.

Амалиёт дар вилояти Балкани Туркманистон мегузарад ва то кунун даҳҳо нафар, аз ҷумла кӯдакону маъюбонро дастгир кардаанд. Манбаъҳои бахши туркмании Радиои Озодӣ гуфтанд, мақомот онҳоеро низ боздошт мекунанд, ки аз паровтогоҳҳо хӯрок меҷӯянд.

Радиои Озодӣ натавонист сарнавишти баъдии дастгиршудаҳоро фаҳмад, вале шумораи талбандагон дар кӯчаҳо ба таври чашмрас кам шудааст.

Дар Тоҷикистон, ки шумораи талбандаҳо кам нест, баъзан маъмурони милиса амалиёт гузаронда, онҳоро дастгир мекунанд. Дар Узбекистон соли 2018 қонунеро пазируфтаанд, ки талбандагиро дар маконҳои иҷтимоӣ гуноҳ эътироф мекунад.