Амрико ба Украина яроқи вазнине дод, ки бархеҳо розӣ нестанд

Бомбҳои хӯшакӣ. Акс аз бойгонӣ

Вазорати дифои Амрико гуфт, ба Украина бастаи нави кумакҳои низомӣ аз ҷумла бомбҳои хӯшаиро фиристодаанд. Аз ин пештар ва дар рӯзи панҷшанбе Александр Тарнавский, фармондеҳи олирутбаи Украина гуфт, кишвараш ин навъи аслиҳаи хатарнокро ҳануз истифода набурдааст, ки метавонанд, «вазъ дар майдони набардро ба куллӣ тағйир диҳанд.»

Амрико рӯзи 7-уми июл бастаи нави кумакҳои низомиро ба маблағи 800 миллион доллар барои Украина ҷудо кард. Истифода аз бомбҳои хӯшаиро 110 кишвари ҷаҳон манъ кардаанд, зеро хатари ҳалокати мардуми ғайринизомӣ дар онҳо зиёд аст.

Ҷейк Салливан, мушовири амнияти миллии Амрико як ҳафта пеш гуфт, Украина барои истифодаи “эҳтиёткорона”- и бомбҳои хӯшаӣ ва таъмини амнияти аҳолӣ кафолат додааст.

Бомбҳои хӯшаӣ як таҳдиди бузург ва дарозмуддат ба ҷони мардум унвон мешаванд, чунки зуд наметарканд. Он тӯпхонаест, ки аз замин ё ҳаво партоб мешавад ва дар ҳаво мунфаҷир шуда, сабаби пайдо шудани даҳҳо бомби хурдтаре мешавад. Ин бомбҳо метавонанд ба тадриҷ таркида, боиси хатар ба ҷони одамон шавад.

Ба эъломияи манъи истифодаи бомби хӯшаӣ то соли 2022, 123 кишвари дунё пайвастаанд. Бузургтарин тавлидкунандагони ин навъи силоҳ, Амрико, Русия ва Чин зери ин эъломия имзо нагузоштаанд.