AP: Дар саросари Русия бораи "украиниҳо зиндон сохтаанд"

Ҳазорон украиниро дар силсилазиндонҳои расмиву ғайрирасмии ҳудуди Русия ва ҳудудҳои ғасбшуда дар шароити бад нигаҳ медоранд ва онҳоро шиканҷаи равониву ҷисмӣ мекунанд, навишт хабаргузории Associated Press рӯзи панҷшанбе.

Хабаргузорӣ бо такя ба ҳуҷҷати ҳукуматии Русия, ки дастрас кардааст, менависад, ин кишвар дар оянда ният дорад, даҳҳо зиндони нав созад. Дар он зиндонҳо ҳам афроди ғайринизомӣ ва ҳам низомиҳо нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Мақомоти Русия ба ин гузориш вокуниш нишон надодаанд.

Хабаргузорӣ менависад, бо даҳҳо асири низомии украин ва хонаводаи онҳо, бо мақомоти иктишофии Украина суҳбат ва аксҳои моҳвораӣ, ҳуҷҷатҳо, номаҳои Салиби Сурх ва маводи шабакаҳои иҷтимоиро таҳлил кардааст. Associated Press баъд аз ҳамаи ин ошкор кардааст, ки бисёрии одамонро барои гуфтугӯ бо забони украинӣ ё ҳузур доштан дар ҳудудҳои ғасбшуда боздошт ва бидуни эъломи айб ҳабс кардаанд. Як қисми дигари украинҳоро бо баҳонаи "муқобилат нишон додан ба амалиёти махсуси низомӣ" (Русия ҳамлаашро ба Украина чунин меномад) ҳамчун террорист боздошту ҳабс кардаанд.

Ҳамаи маҳбусони пешин, ки хабаргузорӣ бо онҳо суҳбат кардааст, аз шиканҷа шуданашон нақл кардаанд. Аз ҷумла гуфтаанд, устухонашонро шикастанд ва онҳоро бо нерӯи барқ шиканҷа доданд. Бисёриҳо гуфтаанд, ки шоҳиди марги маҳбусон будаанд.

Муайян кардан душвор аст, ки чӣ теъдод аз шаҳрвандони Украина дар Русия дар ҳабс ҳастанд. Русия боздошту зиндонӣ кардани афроди мулкиро рад мекунад. Украина аз эҳтимол дур намедонад, ки дар зиндонҳои Русия ҳудуди 10 ҳазор шаҳрванди ғайринизомии Украина нигаҳ дошта мешавад.