Дар Алмато аз рӯи тандиси Невский парда бардоштанд

Дар шаҳри Алматои Қазоқистон рӯзи 13 июл аз рӯи тандиси княз Александр Невский парда бардоштанд. Тандис дар ҳудуди калисои ҳамноми Невский сохта шудааст.

Тандис аз сӯи ҳайкалтароши рус Салават Шербаков таҳия шудааст. Баландии он наздики 5 метр аст.

Дар маросими пардабардорӣ Владимир Мединский, ёвари президенти Русия иштирок кардааст.

Дар пайи нашри хабарҳои марбут ба тандис дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бархе аз корбарони қазоқистонӣ изҳори норизоӣ карданд. Бархе аз корбарон навиштанд, насби тандиси Невский дар ҳоле, ки Русия ба Украина ҳамла мекунад, қобили қабул нест.

Княз Александр Невский дар асри 14-мелодӣ зистааст.