Дар ноҳияи Пағмони вилояти Кобул бо амри додгоҳи Толибон се марду як занро шаллоқ задаанд ва ё ба истилоҳи дигар қамчинкорӣ кардаанд. Додгоҳи олии Толибон рӯзи 12-уми июл бо нашри як баёнияи расмӣ гуфт, ки ҳар чаҳор нафар бо иттиҳоми фасод дастгир шуданд, вале маълум нест, ки чӣ кори хато ва ё қонуншикание кардаанд.
Бо амри додгоҳ, се марду зан ҳамчунин барои се моҳ дар зиндон мемонанд. Қамчинкорӣ дар байни мардум, ки Толибон аз он зиёд истифода мекунанд, пайваста аз тарафи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ танқид мешавад.
Толибон, ки ду сол пеш ҳукумат дар ҳамсоякишвари Тоҷикистонро ғасб карда, батадриҷ қонуну қоидаҳои иртиҷоӣ ва сахтгиронаи шариатро ба роҳ андохтаанд. Онҳо дар давраи аввали ҳукуматдориашон занонро дар байни мардум сангсор ҳам мекардаанд.