Дар Тоҷикистон зиёда аз 159 ҳазор маъюб ё шахсони имконияташон маҳдуд сабт шудааст. Мақомот оморро дар охири ҳафтаи гузашта ва дар рӯзи маъюбону пиронсолон эълон карданд. 32 ҳазор маъюб кӯдакон ҳастанд.
Намояндагони ҳукумат пайваста далел меоранд, ки маъюбон аз нақлиёти иҷтимоӣ бепул истифода мекунанд ва андоз ё молиёти заминро намедиҳанд. Дар гузашта баъзе аз маъюбон шикоят доштанд, ки бо шароиту нафақае, ки ҳоло доранд, зиндагӣ кардан душвор аст.
Омбудсмени Тоҷикистон ҳам дар гузорише дар аввали имсол гуфт, маъюбон бо монеаҳои зиёд рӯбарӯянд. Аз ҷумла дар сохтмонҳои нав чӣ гуна баромадан ва фаромадани онҳоро дар назар намегиранд. Ин душворӣ, ба гуфтаи Омбудсмен, на танҳо дар Душанбе, балки дар минтақаҳои дигари кишвар низ ҷой дорад.