Бурнс: Амрико дар ошӯби "Вагнер" ҳеч нақше надорад

Вилям Бурнс, сардори Хадамоти Ҷосусии Амрико

Мудирони хадамоти ҷосусии Русия ва Амрико моҳи гузашта дар як суҳбати телефонӣ дар бораи сарнавишти Украина суҳбат карда ва гуфтаанд, бо ин кишвар "чӣ кор кунанд." Дар ин бора хабаргузории давлатии "ТАСС"-и Русия рӯзи 12-уми июл хабар додааст.

Расонаҳои Амрико рӯзи 30-юми июн ва баъд аз ошӯби нофарҷоми Евгений Пригожин, раҳбари зархаридони гуруҳи "Вагнер" дар Русия хабар доданд, ки Вилям Бурнс, сардори Хадамоти Ҷосусии Амрико ба Сергей Наришкин, мудири Хадамоти Ҷосусии Русия занг зада ва гуфтааст, Амрико ҳеч нақше дар ошӯби рӯзи 24-уми июн надорад.

Наришкин тасдиқ кардааст, ки Вилям Бурнс, “ҳодисаҳои рӯзи 24-уми июнро дар миён гузошт”, ки дар он рӯз зархаридони "Вагнер" шаҳри Ростови Соҳили Донро ишғол карда ва ба самти Маскав раҳсипор шуданд, вале якбора аз азмашон баргаштанд.

Сергей Наришкин гуфтааст, ки суҳбати телефонӣ як соат идома кард ва "ин масъаларо баррасӣ кардем, ки бо Украина чӣ кор кунем". Сергей Наришкин гуфтааст, мумкин аст, дар як вақте музокира дар бораи ҷанг имконпазир шавад.