Гуруҳи G7 эъломияи кафолати амният барои Украинаро қабул кард

Кишварҳои узви "Ҳафтгонаи бузург" дар саммити Вилнюс эъломияи кафолати амният барои Украинаро қабул карданд.

Дар эъломия меъёрҳои асосӣ оид ба ҳимояти дарозмуддати Киев муайян шудаанд. Пеш аз ҳама ин кӯмак дар ҳифзи Украина айни замон ва пешгирӣ аз хушунати эҳтимолии Русия дар оянда аст. G7 вазифадор мешавад, ки Украинаро бо аслиҳаи муосир таъмин созад, низомиҳои украинро машқ диҳад ва табодули иттилои иктишофӣ кунад.

Ба ҷуз ин, "ҳафтгона" барои тақвияти амнияти энержӣ ва иқтисоди Украина, аз ҷумла барқарории соҳаҳое саҳм мегузорад, ки дар натиҷаи ҷанг зиён дидаанд.

Инчунин "ҳафтгона" дар ислоҳоти демократисозии ҳукумат саҳм мегузорад.

Муаллифони эъломия гуфтаанд, бояд механизми байналхалқие барои талаби ҷуброни зараре таҳия шавад, ки дар натиҷаи хушунати Русия расонида шудааст.

Аз ҷониби худ Украина вазифадор мешавад, ки барои содиқ будан ба демократия, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодии баён, чанд ислоҳотро амалӣ созад. Киев бояд иқтисодашро ба роҳи рушди устувор дарорад ва инчунин назорати демократиро болои артиш тақвият бахшад.