Додгоҳи шаҳри Маскав рӯзи 11-уми июл шаш нафарро дар қатли бераҳмонаи чанд муҳоҷир, аз ҷумла муҳоҷирони тоҷик, гунаҳкор донистааст. Ҳамаи онҳо ҳамроҳони Максим Мартсинкевич, як миллатгарои ашадии рус, машҳур ба лақаби Тесак, ҳастанд. Худи ӯро соли 2020 дар зиндон мурда ёфтанд.
Муфаттишон мегӯянд, ин афрод соли 2003 ду муҳоҷирро “бо пешниҳоди кори сохтмонӣ” фирефта, якеро бо табар куштаанд ва дуввумиро нафасгир кардаанд. Дертар онҳо ду муҳоҷири дигарро дар ноҳияи Сергиево-Посади вилояти Маскав кушта, навори онро дар интернет гузоштаанд ва сарҳои аз тан ҷудои муҳоҷиронро дар кӯчаҳои ноҳияи Голяновои Маскав партофтаанд.
Ҷонибдорони Тесак гуфтаанд, зери фишору шиканҷа ба гуноҳ эътироф карданд. Дар Русия, ки садҳо шаҳрванди Тоҷикистон онҷо кору иқомат мекунанд, ҳар чанд вақт миллатгароён ба муҳоҷирон ҳамла мекунанд.