Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон розӣ шуд, ки аз дархости Шветсия барои шомилшавӣ ба НАТО ҳимоят кунад. Дар ин бора дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг дар остонаи саммити НАТО дар Вилнюс хабар дод.
Ба гуфтаи Столтенберг, Эрдуғон ваъда кардааст, ки ба зудӣ санади қабули Шветсияро ба НАТО ба порлумони Туркия ирсол мекунад. "Ман бо хушнудӣ эълом мекунам, ки президент Эрдуғон розӣ шуд, дархости Шветсияро ба зудӣ ба Маҷлиси миллӣ ирсол кунад", - гуфт дабири НАТО.
Шветсия барои шомил шудан ба НАТО моҳи майи соли 2022 дархост дода буд. Дархости Шветсияро бояд ҳамаи 31 кишвари узви НАТО тасдиқ кунанд. Ҳоло танҳо Туркия ва Маҷористон (Венгрия) онро тасдиқ накардаанд.
Туркия аз Шветсия истирдоди мухолифон ва аъзои ҳаракати Курдҳоро талаб карда буд, ки онҷо паноҳандагӣ доранд. Туркия онҳоро террорист эълом кардааст.
Шветсия ва ҳамсояаш Финландия баъди ҳамлаи густардаи Русия ба Украина эълом карданд, ки шомили НАТО хоҳанд шуд.
Моҳи апрели соли ҷорӣ Финландия расман узви 31-уми НАТО шуд. Туркия - узви НАТО ба шомилшавии Шветсия ба ин созмон мухолифат дорад. Туркия аз Шветсия талаб дорад, ки нисбати Ҳизби коргарии Курдистон мавқеи шадидтар гирад ва бештар аз 100 фаъоли курдро, ки дар он кишвар паноҳанда ҳастанд, ба Туркия истирдод кунад.
Моҳи майи соли ҷорӣ Шветсия бо ворид кардани тағйирот ба қонунгузориаш ҷазо барои фаъолиятҳои террористиро сахттар кард.
Шветсия талош дорад, ки дар саммити рӯзҳои 11-12 июли НАТО узвияти ин созмонро соҳиб шавад.