Аз блогерони Қазоқистон андоз меситонанд

Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон қонунеро имзо кард, ки бахши блогериро танзим ва блогеронро водор мекунад, ки худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ сабти ном кунанд.

Бино ба ин қонун, ки аз моҳи сентябри соли ҷорӣ ба иҷро медарояд, корбарони маъруфи шабакаҳои иҷтимоӣ вазифадор мешаванд, ки аз даромадашон андоз пардозанд. Ба ҷуз ин, чунин корбарон вазифадор мешаванд, ки муҳосибот дошта бошанд.

Барои паҳнсозии иттилои бардурӯғ ба блогерони қазоқистонӣ - шахсони воқеӣ - акнун ҷаримаи маъмурӣ дар ҳаҷми 155 доллар ва шахсонӣ ҳуқуқӣ 311 доллар таҳдид мекунад.

Сабаби қабули чунин қонунро вакилони порлумони он кишвар аз як ҷиҳат пур кардани буҷа аз ҳисоби блогерон ва аз ҷиҳати дигар мубориза бо пирамидаҳои молӣ (ки солҳои охир теъдоди онҳо дар Қазоқистон афзудааст) ва фаъолиятҳои хайриявии ғайриқонунӣ унвон карданд.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Қазоқистон гуфтанд, ин қонун шабеҳи қонуни Русия дар бораи "фейкҳо" аст. Бо қабули қонуни мазкур ҳар кадом блогерро метавонанд, барои паҳнсозии иттилои бардурӯғ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд. Ҳарчанд аз ҷониби блогер иттилои бардурӯғ паҳн нашуда бошад.