Як қадам то марг. Нерӯҳои Русия деҳаҳои Украинаро минакорӣ кардаанд. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Нерӯҳои Украина, ки деҳаи Нескучне дар вилояти Донетскро аз дасти сарбозони Русия озод кардаанд, онҷоро саропо минакоришуда ёфтанд. Деҳоти минакоришуда аз як тараф ва камингоҳу истеҳкомҳои сахти нерӯҳои Русия аз тарафи дигар ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украина ва пешравии онҳоро душвор кардааст. Сарбозони украинӣ ҳам мегӯянд, онгуна ки мардум фикр мекунанд, пешравӣ дар ҷанг ба осонӣ муяссар намешавад.

Хатари пинҳону ноаён пешравии нерӯҳои Украинаро суст кардааст. Рустои Нескучнеро нерӯҳои украинӣ чанде пеш озод карданд, вале қабл аз ақибнишинӣ, сарбозони рус дар деҳа аслиҳаи кушанда кишт кардаанд.

Дмитро, сарбози украинӣ мегӯяд, "дар тамоми кӯчаҳо мина гузоштаанд. Вақте вориди деҳа шудем, даромадгоҳи онро ҳам минагузорӣ кардаанд. Бо поям канор зада, ҳаракат кардем.”

Чунин вазъ сарбозони украиниро водор мекунад, ки бо эҳтиёт ҳаракат кунанд, то ба мина барнахӯранд. Андрей Кузаков, хабарнигори телевизиони "Настояшее Время" ҳам шоҳид шуд, ки нерӯҳои Русия ба хотири суст кардани пешравии артиши Украина маҳаллаҳоро минакорӣ кардаанд. Артиши Русия минаҳои зиёде гузоштаанд, ки минаи зидди нерӯҳои пиёданизом ва минаҳои зидди тонк аз ҷумлаи он мебошад.

Гузориши видеоиро инҷо тамошо кунед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Тамоми кӯчаҳоро минакорӣ кардаанд"

Сарфи назар аз ин мушкилиҳо ба гуруҳе аз сарбозони украинӣ муяссар шудааст, ки қисме аз минаҳоро барчинанд.

Дмитро, сарбози украинӣ гуфт, "ин мина пой ва дигар аъзои баданро пора мекунад. Ҳамаҷоро пора мекунад, аз ҷумла олоти ҷинсии инсонро. Ҳар як сарбоз бояд усулҳои оддитарини кори миначинҳоро донад. Чӣ гуна ҷустуҷу кардану ёфтанашонро. Ин корро ман худам омӯхтам."

Сарбозони рус ҳатто дар дохили биноҳо мина гузоштаанд. Валерий, сарбози дигар аз Украина ба хабарнигори Настояшее время минаро нишон дода мегӯяд, "детонатори ин мина омода аст. Сарбозони Русия онро гузоштаанд, то мо наздик биёем ва он битаркад."

Истеҳкомҳои сахт дар камингоҳҳои нерӯҳои Русия ҳамлаҳои ҷавобии нерӯҳои Украинаро душвор кардаанд. Ба сарбозони украинӣ се рӯз лозим шудааст, то як камингоҳи русҳоро бигиранд. Ба ин хотир Валерий, сарбози украини мегӯяд, ҳамлаи ҷавобӣ онгуна, ки одамон фикр мекунанд осон нест. "Бояд барои ҳар русто биҷангед. Барои ҳамин фикр накунед, ки ин кори содда аст, вале мо мекӯшем, ҳарчӣ зудтар ин корро ба анҷом расонем."

Мақомоти Украина рӯзи 7-уми июл гузориш доданд, ки дар атрофи шаҳри Бахмут бештар аз як километр пешравӣ доштаанд ва барои пешравии бештар саъй доранд.

Украина моҳи июн аз ҳамлаи ҷавобӣ хабар дод ва дар рӯзҳои аввал 8 минтақаи аҳолинишинро аз низомиёни Русия бозпас гирифтанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина гуфт, кишварҳои ғарбӣ дар ирсоли аслиҳа ба кишвараш таъхир карданд ва имкон дод, ки неруҳои Русия барои муқовимат ба ҳамлаҳои ҷавобӣ омодагӣ бигиранд.