Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Евгений Пригожин, раҳбари гурӯҳи зархаридони "Вагнер" мулоқот кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Русия эълон кард, ки ин мулоқот рӯзи 29-уми июн сурат гирифтааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл гуфтааст, "дар воқеъ раиси ҷумҳур чунин ҷаласае дошт ва 35 нафарро даъват кард -- ҳама фармондеҳон ва раҳбарони ширкат, аз ҷумла Пригожинро. Ин ҷаласа рӯзи 29-уми июн дар Кремл баргузор шуд ва тақрибан 3 соат давом кард".
Ба гуфтаи оқои Песков, раҳбарони "Вагнер" гуфтаанд, ки ба набардашон дар Украина идома медиҳанд. Тафсилоти бештари ин мулоқот эълон нашудааст. Сухангӯи Кремл нагуфт, ки Евгений Пригожин дар ҳоли ҳозир дар куҷо қарор дорад.
Зархаридони "Вагнер", ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.
Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.
Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кард.