Мақомоти Украина мегӯянд, теъдоди ғайринизомиёне, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия дар шаҳри Лиман кушта шуданд, то ба 9 нафар расид.
Дар ҳамлаҳои тӯпхонаӣ дар рӯзи 8-уми июл 12 каси дигар маҷруҳ шудаанд.
Ҳоло набардҳои сахт дар шарқ ва ҷануби Украина идома дорад ва ба гуфтаи як муассисаи таҳқиқотии амрикоӣ, бо гузашти 500 рӯз аз оғози ҷанг дар Украина, Русия ба ҳеч як ҳадафи худаш нарасидааст.
Пажуҳишгоҳи Ҷанг дар Амрико рӯзи 8-уми июл бо нашри як арзёбӣ аз ҷанг гуфт, “азму таҷриба дар муқовимати Украина” нагузоштааст, ки Маскав ба ҳеч як ҳадафи ҷанге, ки моҳи феврали соли 2022 оғоз кард, бирасад.