Фармондеҳони ҳомии "Азовстал", ки 8 июл ба Украина баргаштанд, нияти дар амалиёти ҷангӣ иштирок карданро доранд. Дар ин бора фармондеҳи "Азов" Денис Прокопенко дар мулоқот бо рӯзноманигорон дар Украина хабар дод. Фармондеҳон аз Туркия ҳамроҳ бо президенти Украина Владимир Зеленский баргаштанд.
"Ман амиқан бовар дорам, ки артиш - ин кори гуруҳӣ аст ва шуруъ аз имрӯз мо ҳамроҳи шумо муборизаро идома медиҳем, мо ҳатман ҳарфи худро дар ҷангҳо хоҳем гуфт. Муҳимтар аз ҳама чиз - ин аст, ки артиши Украина ташаббуси стратегиро дар хати фронт ба даст гирифтааст ва бо гузашти ҳар рӯз мо пеш меравем", - гуфт Прокопенко.
"Мо баргаштем ва минбаъд ҳам кори худро мекунем", - афзуд ёвари фармондеҳи "Азов" Святослав Паламар.
Хабари ба Украина баргаштани фармондеҳони муҳофизи "Азовстал"-и Мариупол 8 июл расонаӣ шуд. Панҷ низомии украинӣ дар як ҳавопаймо аз Истанбул ҳамроҳ бо президенти Украина Владимир Зеленский баргаштанд.
Моҳи сентябри соли гузашта муҳофизони "Азовстал" бо сиёсатмадори украинӣ Виктор Медведчук табодул шуданд, ки Медведчук дар ҳамкорӣ бо Маскав айбдор мешуд. Ҳомиёни "Азовстал" баъд аз табодул дар Истанбул нигаҳдорӣ мешуданд. Бино ба шартҳои табодул, ки бо иштироки президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон сурат гирифта буд, ҳомиёни "Азовстал" мебоист, то охири ҷангҳои Русия зидди Украина дар Истамбул боқӣ монанд.
Муҳосираи Мариупол ибтидои моҳи марти соли 2022 шуруъ шуда, то миёнаҳои моҳи май идома кард ва охирин ҳомиёни корхонаи оҳани "Азовстал" дар доираи созиши табодул аз он хориҷ шуданд. Рӯзи 20 майи соли 2022 вазорати мудофиаи Русия эълом кард, ки "Азовстал"-и Мариупол зери назорати неруҳои Русия гузаштааст. Ин вазорат гуфта буд, дар маҷмуъ 2439 низомии Украина, ки дар ҳудуди корхона буданд, "таслим шудаанд". Дар идома қисме аз он низомиҳо бо асирони русӣ табодул шуданд.