Ройдиҳӣ дар интихоботи зудҳангоми президентӣ дар Узбекистон, яке аз кишварҳои саркӯбгари Осиёи Марказӣ, шоми 9-уми июл ба поён расид.
Тибқи иттилои Кумисюни марказии интихобот, то соати 17:00 тақрибан 70 дарсади шахсони қобили рой дар овоздиҳӣ иштирок кардаанд. Ин ба тақрибан 13 миллиону 460 ҳазор нафар баробар аст.
Натиҷаҳои интихоботро ҳанӯз эълон накардаанд, аммо интизор меравад роҳи президенти ҳозира, Шавкат Мирзиёев, ба даври севуми раёсати ҷумҳурӣ боз гардад.
Мирзиёев номзади Ҳизби либерал-демократи Узбекистон аст ва дар сурати пирӯзӣ метавонад то соли 2037 ҳукумат биронад. Ӯ соли 2016, пас аз марги раиси ҷумҳури собиқи Узбекистон Ислом Каримов, зимоми қудратро ба даст гирифт ва то ин дам дар ду интихобот баранда эълон шудааст. Дар гузашта сездаҳ сол сарвазир буд.
Се рақиби ӯ, Улуғбек Иноятов – раиси Ҳизби "мухолиф"-и халқӣ-демократӣ; Робахон Махмулова аз Ҳизби сотсиал демократии "Адолат" ва Абдушукур Ҳамзаев аз Ҳизби экологӣ, дар маъракаи пешазинтихоботӣ ва рӯзи овоздиҳӣ хомӯш буданд.
Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо гуфтанд, рӯзи 10-уми июл дар нишасти хабарӣ хулосаи худро дар бораи раванди интихобот пешниҳод хоҳанд кард.