Ройдиҳӣ дар интихоботи пеш аз муҳлат дар Узбекистон

Овоздиҳӣ дар як нуқтаи интихоботӣ дар Узбекистон

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Узбекистон ҷараён дорад. Ройдиҳӣ субҳи 9-уми июл сар шуд.

Интизор меравад, президенти ҳозираи Узбекистон, Шавкат Мирзиёев, ба даври севуми раёсати ҷумҳурӣ роҳ ёбад. Се рақиби рамзии ӯ хомӯширо ихтиёр кардаанд.

Қонуни асосии Узбекистонро дар аввали имсол тағйир доданд. Бар асоси он муҳлати президентӣ аз панҷ сол то 7 сол афзоиш ёфт ва роҳ барои ду давраи дигари президентии Мирзиёев боз шуд. Дар сурати пирӯзӣ, ӯ метавонад то соли 2037 дар сари қудрат бимонад.

Фарҳод Толибов, коршиноси сиёсии узбек, ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, "пирӯзии раисиҷумҳури феълӣ маълум аст, чун номзадҳои дигар маъруфу шинохта нестанд".

Мирзиёев дар соли 2016, пас аз марги раҳбари худкома Ислом Каримов раиси ҷумҳурии Узбекистон шуд. Вай 13 сол нахуствазир буд.

Шавкат Мирзиёев дар оғози ҳукуматдории худ баъзе аз ислоҳотро оғоз кард ва хушбиниро барои тағйири эҳтимолӣ дар ин кишвари Осиёи Марказӣ ба вуҷуд овард, аммо дертар ба роҳе рафт, ки саркӯбгарӣ ном дорад.