Ба Хуҷанобиддин Бобиев, маҳбуси тоҷик ва падари Далер Бобиев тифле, ки маргаш дар Екатеринбург пурсарусадо шуд, иҷоза надоданд дар маросими ба хоксупории писараш ширкат кунад.
Далер Бобиеви 6-сола рӯзи 5 июл дар оромгоҳе дар наздикии Екатеринбург дафн карданд. Хуҷанобиддин Бобиев аз мақомоти Русия хоста буд, барояш иҷоза диҳанд, ки дар маросими дафни писараш иштирок кунад. Аммо мақомоти Русия дархосташро рад кардаанд.
Маросими видоъ бо тифли муҳоҷири тоҷик, дар масҷиди Абу Ҳанифаи Екатеринбург баргузор шуд. Даҳҳо шаҳрванди Русия ҳам барои изҳори ҳамдардӣ ва видоъ бо тифл ба ин маросим омадаанд.
Ҷасади Далер Бобиевро дар охири моҳи июни имсол аз як гараж дар шаҳри Екатеринбург ёфтанд. Мақомоти Екатеринбург гуфтанд, кӯдак ҳанӯз 6 моҳ пеш кушта шудааст ва дар марги ӯ парастор ё модархондашро гумонбар дониста, боздошт карданд. Пас аз зиндонӣ шудани падараш, мақомот модари биологии ин кӯдакро, ки рус будааст ба далели майзадагӣ аз ҳаққи модарӣ маҳрум карда, тифлро ба парастории як оила дар Екатеринбург дода буданд.