Интизор меравад, президенти Украина Владимир Зеленский 7 июл бо ҳамтои турки худ Раҷаб Эрдуғон дар шаҳри Истанбул мулоқот кунад.
Дар мулоқоти раҳбарони ду кишвар нишасти НАТО дар ҳафтаи оянда ва созиши содироти гандуми Украина тавассути баҳри Сиёҳ баррасӣ хоҳад шуд. Муҳлати созишномаи пешин 17 июл ба поён мерасад. Русия мегӯяд, барои тамдиди созишнома асосеро намебинад.
Зеленский аз шаҳри Прага ба Туркия сафар кард. Ӯ ахиран аз Чехия боздид ва бо президенти ин кишвар Петр Павел дидору гуфтугӯ кард.
Зеленский дар нишасти хабарӣ дар Прага гуфт, "мо оҳиста бошад ҳам, ба монанди русҳо ба ақиб намеравем, ба пеш ҳаракат дорем".
Қаблан раисҷумҳури Украина ба хабарнигорон гуфта буд, ки ба далели "сари вақт" нарасидани силоҳҳои Ғарб натавонист дифоъро дар қаламравҳои ишғолии Русия таҳким бахшад.
Президенти Чехия Петр Павел дар навбати худ изҳор дошт, ки аз шомилшавии Украина ба НАТО ва Иттиҳоди Аврупо истиқбол мекунад. Ӯ гуфт, кишвараш ҳамеша омодааст, барои ҳимояти Украина аз таҷовузи Русия ба Киев кумак кунад.