Дар ҳамлаи Русия ба Харков 12 кӯдак захмӣ шуд

Маҳалли ҳодиса дар шаҳраки Первомайски вилояти Харков

Мақомоти Украина мегӯянд, рӯзи 4-уми июл дар натиҷаи зарбаи мушакии Русия ба шаҳраки Первомайски вилояти Харков 40 нафар аз ҷумла 12 кӯдак маҷруҳ шудаанд. Олег Синегубов, раиси вилоят дар Телеграм навишт, ки ҳамла соати 1:35 дақиқа ба вақти маҳаллӣ анҷом шуд ва чандин мошин оташ гирифтаву шишаҳои биноҳои атроф рехтаанд.

Мушак ба як таваққуфгоҳи мошинҳо ва дар канори бинои истиқоматӣ бархӯрдааст, ки аз маҳалли ҷангҳои сахт дар вилояти Донетск дур аст. Вазорати умури дохилии Украина гуфт, ки зарбаи мушакӣ сабаби осеб дидани 8 хонаи баландошёна ва 8 мошин шудааст.