Ассамблеяи САҲА "Вагнер"-ро созмони террористӣ эълом кард

Маргарета Седерфелт, раиси Ассамблеяи порлумонии САҲА

Ассамблеяи порлумонии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) қатъномаеро қабул кард, ки ширкати муздурии "Вагнер"-ро созмони террористӣ эътироф мекунад. Матни қатънома дар сомонаи ассамблея нашр шудааст.

"Ассамблеяи порлумонии САҲА муайян кард, ки амалҳои "Вагнер"-ро ба манфиати ҳукумати Русия метавон ҳамаҷониба террористӣ арзёбӣ кард. Бинобар ин, эътирофи "Вагнер" ҳамчун созмони террористӣ асоснок аст", - гуфта шудааст дар матни қатънома.

Ба гуфтаи муаллифони қатънома, "Вагнер" ба манфиати Русия кор мекунад ва тавре президенти ин кишвар Владимир Путин ҳафтаи гузашта иқрор шуд, он пурра аз сӯи Кремл сармоягузорӣ мешудааст. Ин маънои онро дорад, ки "ҳукумати Русия масъули амалҳои "Вагнер" дар хориҷ мебошад".

Ассамблея ҳамчунин Белорусро барои дастгирии "Вагнер" ва додани иҷозат ба бунёди пойгоҳи муздурони он дар ҳудуди худ маҳкум кардааст. "Ин амали Минск амнияти кишварҳои Балтикро зери хатар мегузорад", - омадааст дар қатънома.

Зархаридони “Вагнер”, ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.

Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кардааст.