Назарбоев боз аз як вазифаи дигар маҳрум шуд

Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 4-уми июл тағйиротеро имзо кард, ки президенти пешини ин кишвар Нурсултон Назарбоевро аз раҳбарии Шӯрои олии мудирони донишгоҳ, мактаб ва бунёди ба номи худаш маҳрум мекунад.

Аз ҷумла, ба қонун "Дар бораи мақоми Донишгоҳи Назарбоев", "Мактабҳои зеҳнии Назарбоев" ва "Бунёди Назарбоев" тағйиру иловаҳо ворид карда мешавад, ки салоҳияти раҳбари Қазоқистонро барои таъсиси Шӯрои олии мудирони муассисаҳои таълимии худмухтор муайян мекунад.

Тибқи қонунгузории Қазоқистон, президент ё шахси таъйинкардаи ӯ раиси Шӯрои олии мудирон хоҳад буд.

Нурсултон Назарбоев аз 16-уми декабри соли 1991 то 20-уми марти соли 2019 роҳбари Қазоқистон буд. Баъд аз ҳодисаҳои хунини моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон, ки боиси марги 238 кас шуд, мавқеи Назарбоев дар он кишвар суст гардид.

Ҳар ду палатаи порлумони Қазоқистон 13-уми январи имсол дар ҷаласаи якҷоя қонуни конститутсионии ин кишвар "Дар бораи президенти нахустин – элбасӣ"-ро беэътибор донистанд. Бо қабули ин қонун Назарбоев ва хонаводаи ӯ аз ҳамаи имтиёзҳои гуногуни давлатӣ маҳрум шуданд.

Қазоқистон соли 2010 қонун дар бораи раисҷумҳури нахустинашро қабул кард, ки бар асоси он ба Назарбоев унвони “Элбасӣ” – “Пешвои миллат” дода шуд ва ин қонун ҳамчунин дахлнопазирии Назарбоевро кафолат медод.​