Сармуҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо"-и вилояти Туркистони Қазоқистон Амонкелдӣ Батирбеков 20 шабонарӯз ҳабс шудааст.
Тибқи қарори Додгоҳи ноҳияи Сариағаши Туркистон, Батирбеков гӯиё як вакили маҷлиси маҳаллиро "туҳмат кардааст".
Вале рӯзноманигор ин иттиҳомро рад мекунад.
Вакили маҷлиси маҳаллӣ Болатбек Нажметдинулӣ ба додгоҳ шикоят карда, гуфтааст, рӯзноманигор дар як навиштаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук ӯро туҳмат кардааст. Сухан дар бораи навиштаи рӯзноманигор бо номи "Ин фасодкорӣ аст ё?" меравад, ки 10 марти имсол нашр шудааст.
Дар навишта гуфта шудааст, ки Болатбек Нажметдинулӣ дар доираи як парвандаи қаллобӣ ҳамчун гумонбар дониста шудааст. Аммо вакили маҷлис ин суханро дар ҳаққи худ туҳмат номидааст.
Муҳаррири нашрияи "Сариағаш инфо" Амонкелдӣ Батирбеков 23 сентябри соли 2019 бо айби таҳқиру туҳмати мансабдори маҳаллӣ ҳабс шуда буд. Додгоҳ ӯро ҳамчунин дар пардохти наздики 5300 доллар ҷуброни маънавӣ вазифадор кард. Рӯзноманигор айбҳои эъломшударо рад кард. Вай гуфт, ба хотири матлабҳои танқидиаш таъқиб мешавад.