Шойгу: "Иғво"-и Пригожин ба амали неруҳо дар Украина таъсир нарасонд

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия.

Вазири дифои Русия Сергей Шойгу бори нахуст дар бораи ошӯби мусаллаҳонаи раҳбари ширкати муздурии "Вагнер" Евгений Пригожин изҳори назар кард. "Иғво ба амали гуруҳҳои низомиён таъсир нарасонд", - гуфтааст ӯ дар суҳбат бо РИА Новостӣ.

"Ин нақшаҳо пеш аз ҳама барои он натиҷа надоданд, ки ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Русия ба савганд ва вазифаи ҳарбии худ содиқ монданд. Хидматчиёни ҳарбӣ иҷрои вазифаҳояшонро далерона ва фидокорона идома доданд", - афзудааст вазири дифои Русия.

Сергей Шойгу дар ҷараёни ошӯби Пригожин дар мазҳари ом ҳозир нашуд ва вазъро ҳам шарҳ надод. Ӯ танҳо як рӯз баъд дар ҷаласаи президенти Русия Владимир Путин бо раҳбарони ниҳодҳои қудратии он кишвар дида шуд.

"The Wall Street Journal" бо истинод ба манбаъҳои худ дар хадамоти иктишофии кишварҳои ғарбӣ хабар дод, ки Пригожин дар ҷараёни ошӯби худ мехост, Шойгу ва Герасимовро дастгир кунад.

Зархаридони “Вагнер”, ки дар ҷанги Русия дар Украина муҳим ба шумор мерафтанд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Дони Русияро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.

Евгений Пригожин, мудири ширкати "Вагнер", гуфт, ҳадафи онҳо барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.

Ӯ дертар бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус, аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт. Минск ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳам паноҳгоҳ пешниҳод кардааст.