Ширкати ҳиндии "Marion Biotech" дар истеҳсоли маҳсулоти худ аз маводе истифода кардааст, ки бояд дар дорусозӣ ба кор бурда нашавад.
Хабаргузории "Reuters" бо истинод ба ду манбаъ иттилоъ дод, ки "Marion Biotech" барои истифода дар доруҳои худ аз "Maya Chemtech India" маводи "пропиленгликол" харидорӣ кардааст.
Намояндагони "Maya Chemtech India", ки ҳаққи фурӯши маводи дорусозиро надоранд, гуфтанд,"пропиленгликол"-и онҳо бояд танҳо бо мақсадҳои саноатӣ истифода мешуд.
"Мо намедонистем, ки "Marion Biotech" "пропиленгликол"-ро барои истеҳсоли дору ё шарбати зидди сулфа истифода мекунад", - гуфтаанд намояндагони ширкати "Maya Chemtech India" ба "Reuters" ба шарти ифшо нашудани номашон.
Ду манбаи хабаргузорӣ гуфтаанд, шарбат бо "пропиленгликол"-е омода шудааст, ки дар истеҳсоли моеи либосшӯӣ, антифриз, рангҳо ва маҳсулоти дигари заҳролуд истифода мешавад.
Дар Узбекистон моҳи декабри соли гузашта 19 кӯдак аз истеъмоли шарбати “Док-1 Макс”, ки аз сӯи ширкати "Marion Biotech" истеҳсол мешуд, ҷон доданд. Баъди ин фурӯши доруи мазкур дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ манъ шуд.