Кулеба: Агар Украина узви НАТО  мебуд...

Дмитрий Кулеба

Вазири корҳои хориҷии Украина бовар дорад, ки агар Киев узви НАТО мебуд, ҷанг иттифоқ намеуфтод.

Дмитрий Кулеба дар мусоҳиба бо нашрияҳои Politico, Bild ва Die Welt садри аъзами собиқи Олмон Ангела Меркелро танқид кард, ки 15 сол пеш ҷилави узвияти Украинро дар паймон гирифт.

Кулеба гуфтааст, агар Украина узви НАТО мебуд, Русия наметавонист ба чунин ҷанги бузург алайҳи он даст бизанад.

Вазири умури хориҷии Украина афзуд, узвияти Украина дар паймони низомӣ як роҳи расидан ба сулҳ мебошад. "Баъд аз ҷанг барои Аврупо худкушӣ хоҳад буд, агар узвияти Украинаро дар НАТО напазирад," -- илова кардааст ӯ.