Боздошти 1311 кас дар Фаронса

Фаронса

Дар чаҳор рӯзи бетартибиҳо дар Фаронса, ки пас аз қатли як наврас аз сӯйи пулис шуруъ шуд, 1311 касро дастгир кардаанд.

Жералд Дарманен, вазири корҳои дохилии Фаронса, гуфт, аксари онҳо ҷавон ҳастанд.

Бо вуҷуди ҷойгир кардани нерӯҳои зиёди пулис шаби 30-юми июн дар шаҳрҳои Фаронса, аз ҷумла Марсел эътироз давом ёфт. Норозиён мошину биноҳоро оташ зада, фурӯшгоҳҳоро ғорат кардаанд.

Куштори наврас рӯзи 27-уми июн дар наздикии Порис (Париж) иттифоқ уфтод.

Ба иттилои пулис, наврас Наэл М. пушти фармони мошин буд, вале ба пулис итоат накард ва дар натиҷа паронда шуд.

Дар наворҳое, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд, дида мешавад, ки як пулис ронандаро ба нишон гирифтааст. Вақте мошин ҳаракат мекунад, пулис тир мекушояд ва тир ба синаи наврас мерасад.

Президенти Фаронса Эммануэл Макрон гуфт, аз ин ҳодиса нигарон шудааст ва ҳамзамон аз сокинон даъват кард, ки хушунатро бас ва оромиро ҳифз кунанд.