Зеленский: ошӯби "Вагнер" ба муборизаи Украина кӯмак мекунад

Владимир Зеленский

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Аврупо гуфт, ки ошӯби нофарҷом дар Русия, "заъфи" ин кишварро нишон дод ва дар муборизаи Киев ба таҷовузи золимонаи Маскав кӯмак мекунад.

Зеленский, ки рӯзи 29-уми июн аз тариқи видео муроҷиат мекард, гуфт: “Мо заъфи онҳоро мебинем, ки бисёр ба он эҳтиёҷ дорем”.

Ба қавли ӯ, заъфи Русия дигаронро амнтар нигаҳ медорад.

Рӯзи 23-юми июн гуруҳи ҷанговарони зархариди “Вагнер” ба раҳбарии Евгений Пригожин, ки аз тарафи Русия дар Украина меҷангиданд, шаби 23-юми июн Ростови лаби Донро ишғол карда, рӯзи 24-уми июн ба тарафи Маскав равон шуданд.

Евгений Пригожин гуфт, ҳадафаш барканор кардани фармондеҳони олуда ба фасод ва бемасъулияти артиши Русия буд.

Ӯ баъдан бо миёнаравии Александр Лукашенко, раиси ҷумҳурии Беларус аз ошӯб даст кашид ва ба ин кишвар рафт.