Пешниҳоди аз имтиёзҳои президентӣ маҳрум кардани Ҷээнбеков

Дар порлумони Қирғизистон пешниҳод доранд, ки президенти пешини он кишвар Сооронбой Ҷээнбеков аз мақоми президенти пешин маҳрум карда шавад.

Агар ин кор сурат гирад, дар он ҳолат дахлнопазирии Ҷээнбеков мисли дахлнопазирии президенти дигари пешини он кишвар Алмосбек Отамбоев ва ҳамаи имтиёзҳои дигари вай бекор карда мешаванд. Бино ба қонунгузории Қирғизистон, президенти пешин ҳаққи зиндагӣ дар хонаи давлатӣ, муҳофизати давлатӣ, нақлиёти ройгон, тибби ройгон барои худу хонаводаашро дорад.

Аз панҷ президенти пешини Қирғизистон мақоми президенти пешинро танҳо ду тани онҳо: Роза Отунбоева ва Сооронбой Ҷээнбеков доранд. Аскар Акаев ва Қурмонбек Боқиев баъди фирорашон аз кишвар ва кушодани парванда нисбаташон аз мақоми президенти пешин маҳрум шудаанд. Дахлнопазирии Алмосбек Отамбоев тавассути раъйдиҳӣ дар порлумон бекор шуд.