Мақомоти Украина як фардеро боздошт кардаанд, ки ба қавли онҳо дар ҳамлаи мушакии Русия ба як ресторани серодам дар шаҳри Краматорск кӯмак кардааст. Дар ин ҳамла дар рӯзи 27-уми июн 12 нафар кушта ва 61 каси дигар захмӣ шуданд.
Хадамоти амнияти Украина рӯзи 28-уми июн гуфт, ки фарди муттаҳам ба кӯмакро дар ҳамин рӯз неруҳои махсуси пулис дастгир кардаанд. Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина дар Телеграм гуфт, "ҳар касе, ки ба русҳо дар маҳви инсонҳо кӯмак мекунад, сазовори сахттарин ҷазо аст." Ӯ номи фардро набурд, вале гуфт, ки вай дар як ширкати интиқоли газ кор мекардааст ва қабл аз ҳамла ресторонро ба навор гирифта, ба русҳо фиристода ва дар бораи маҳбубияти он иттило додааст.
Дар байни қурбониёни ҳамла як ду хоҳари дугоник ҳам будаанд, ки моҳи сентябр 15 сола мешуданд.