Бар асоси як назарсанҷӣ, бештар аз сеяки мардуми Русия ва ё 35 дар сади онҳо гуфтаанд, агар дар ихтиёри онҳо мебуд, фармони раиси ҷумҳур Владимир Путин барои ҳамла ба Украинаро беэътибор мекарданд.
Назарсанҷиро муассисаи Russian Field анҷом додааст ва бар тибқи гуфтаи нашрияи Москов Таймс ин баландтарин нишондиҳандаи мухолифати мардуми Русия ба ҷанги Украина аст.
Дар моҳҳои аввали ҷанг, ки рӯзи 24-уми феврали соли гузашта шуруъ шуд, то 28 дар сади аҳолӣ мухолифи қарори шурӯи ба гуфтаи Русия "амалиёти низомӣ" дар Украина будаанд. Моҳи декабри соли 2022-ум 33 дар сад гуфтаанд мухолифи ҷанганд ва ҳоло андешаи 35 дар сади мардум чунин будааст.
Бар асоси назарсанҷӣ асосан ҷавонони аз 18 то 24-сола мухолифи ҷанг дар Украина будаанд ва бештари тарафдорони онро мардони болотар аз 45-сола ташкил медодаанд.