Ҳалокати 4 сарбози Арманистон дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Қарабоғи Кӯҳӣ. Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти Қарабоғи Куҳӣ, ки амалан аз сӯи Арманистон ҳимоят мешаванд, хабар доданд, шаби 28 июн неруҳои мусаллаҳи Озарбойҷон сӯи мавқеъҳои Арманистон тир кушодаанд. Бино ба ин хабар, дар натиҷаи оташкушоӣ чаҳор низомии Арманистон кушта шудааст.

Ахиран вазорати мудофиаи Озарбойҷон низ хабар дод, ки Арманистон сӯи мавзеъҳои Озарбойҷон тир кушодааст. Дар натиҷа як низомии Озарбойҷон захм бардоштааст.

Таниш дар Қарабоғи Куҳӣ дар ҳолест, ки рӯзи 27 июн дар ИМА гуфтугуҳои сулҳомез миёни вазоратҳои хориҷии Арманистону Озарбойҷон шуруъ шудааст. Гуфтугуҳо се рӯз идома хоҳанд кард, хабар дод намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Мэтю Миллер.

"Мо ҳамоно бовар дорем, ки сулҳ дастрас хоҳад шуд ва гуфтугӯи мустақим калиди ҳалли мушкилоти боқимонда аст", - гуфт Миллер.

Неруҳои посдори сулҳи Русия дар Қарабоғи Куҳӣ ҷо дода шудаанд. Ин неруҳо вазифадоранд, ки оташбасро таъмин кунанд. Созишномае, ки моҳи ноябри соли 2020 бо миёнаравии Москва байни Озарбойҷон ва Арманистон баста шуд, мебоист, ба ҷанги шашҳафтаие хотима бахшад, ки он боиси марги ҳазорон низомиву сокини осоишта аз ду тараф гашта буд.

Созишномаи мазкур боиси эътирозҳо дар Ереван ва тасдиқи пешравии низомии Озарбойҷон гардид: Боку қисме аз ҳудуди Қарабоғи Куҳиро ба ихтиёр даровард. Он ҳудудҳоро неруҳои мусаллаҳи Арманистон солҳо 1990 ғасб карда буданд.