Бо дархости ИМА сармуҳаррири пешини маҷаллаи "Хакер" боздошт шуд

Акс аз бойгонӣ.

Шаҳрванди Русия ва сармуҳаррири пешини маҷаллаи "Хакер" Никита Кислитсин бо дархости ИМА дар Қазоқистон боздошт шуд. Кислитсин мудири ширкати F.A.C.C.T. аст. Ин ширкат ба таҳияи барномаҳо дар бахши амнияти киберӣ машғул аст.

Ӯро 22 июн боздошт кардаанд, аммо расонаҳои Русия танҳо ахиран дар бораи боздошти вай хабар доданд. Дар ширкати F.A.C.C.T. гуфтанд, мақомоти Қазоқистон масъалаи истирдоди Кислитсинро ба ИМА меомӯзанд.

Дар ширкат гуфтанд, даъво нисбати Кислитсин ба ҳодисаи 10 соли пеш бармегардад, ки он замон вай ҳамчун рӯзноманигор фаъолият мекард ва барои боздошти қонунии Кислитсин дар Қазоқистон асосе мавҷуд нест.

Консулгарии Русия дар шаҳри Алматои Қазоқистон аз мақомоти ин кишвар хост, ки Кислитсинро ба таври фаврӣ ба ИМА истирдод накунанд.

Дар Русия низ Кислитсинро бо айби дастрасии ғайриқонунӣ ба иттилоъ ғоибона боздошт кардаанд.

Соли 2014 вазорати адлияи ИМА Никита Кислитсинро дар ташкили тавтиа бо ҳадафи фурӯши иттилое айбдор карда буд, ки аз шабакаи иҷтимоии Formspring ғайриқонунӣ дастрас карда буд.

Кислитсин солҳои 2006-2012 сармуҳаррири маҷаллаи "Хакер" буд. Ин маҷалла ба боздошти амнияти иттилоотӣ машғул буд.