Мақомоти Украина рӯзи 28-уми июн гуфтанд, ки талафот аз ҳамлаи мушакии Русия ба шаҳри Краматорск ба 8 нафар расид ва теъдоди захмиён ҳам 56 нафар шуд.
Рӯзи 27-уми июн ду мушаки Русия ба як ресторани серодам дар маркази Краматорск бархӯрд. Хадамоти ҳолатҳои фавқуллодаи Украина мегӯяд, ки се нафарро аз зери вайронаҳо зинда берун кашиданд ва ҷустуҷӯро дар вайронаҳо идома медиҳанд, зеро мумкин аст, афроди дигаре зери онҳо монда бошанд.