Ба деҳаи Миденвед дар Роштқалъа дигарбора сел омадааст

Ба деҳаи Миденвед дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ дигарбора сел омадааст.

Чанде аз корбарон рӯзи 27-уми июн бо фиристодани видео аз ҷойи ҳодиса ба Радиои Озодӣ гуфтанд, “селу сангреза пеши дарёи Шохдараро гирифт ва хонаҳо ва заминҳои кишт зери об монд”. Зарари расида маълум нест.

Навбатдори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шоми 27-уми июн дар суҳбати телефонӣ гуфт, ба иттилои гирифтаи онҳо “дар Роштқалъа сел омадааст, аммо тафсилоташ ҳанӯз нарасида”.

Ҳукумати ноҳияи Роштқалъа дар эъломияи расмӣ дар бораи рафъи оқибатҳои сели чанд рӯз пеш гузориш дода, дар мавриди ҳодисаи нав ишорае накардааст. Ба иттилои манбаъ, “сели ҳафтаи гузашта ба хонаи истиқоматии сокинон зарар расонда, заминҳоро низ хароб кард”.

Дар чаҳор рӯзи охир дар чанд гӯшаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сел омад ва хонаву дари баъзе аз сокинонро вайрон кард.

Дар ҳодисаи рӯзи 23-юми июн дар рустои Мулловоҷии ноҳияи Ишкошими ВМКБ, ба иттилои расмӣ, “ду хона, ду иншооти ёрирасон ва беш аз як гектар замин” зери обу лой монда, 8 хоҷагӣ ба ҷойи амн кӯчонда шуд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон селҳои вайронгарро “натиҷаи об шудани пиряхҳо аз гармои шадиди рӯзҳои охир” номид.

Ҳар сол бар асари офати табиӣ, аз ҷумла селу сангреза ва фаромадани ярч дар Тоҷикистон даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд.