Як фаъоли қазоқро ба "бадномсозии ҳукумат" муттаҳам карданд

Аскар Сембой

Мақомоти Қазоқистон нисбати фаъоли маданӣ Аскар Сембой парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, ӯро ба "бадномсозии ҳукумат" муттаҳам карданд. Дар ин бора вакилони дифои Сембой рӯзи 26 июн хабар доданд.

Миёнаҳои моҳи гузашта Аскар Сембой бо моддаи "ширкат дар созмоне, ки фаъолияташ манъ шудааст", айбдор мешуд. Додгоҳ ӯро то 13 июл ба ҳабси пешакӣ гирифт.

Мақомоти Қазоқистон гуфтаанд, дар саҳифаҳои Аскар Сембой дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаҳое ба ҷонибдорӣ аз ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" дида мешавад. Фаъолияти ин ҳаракат дар Қазоқистон манъ шудааст.

Тафтишот гуфтааст, Сембой дар навиштаҳояш "ҳукуматро бадном кардааст, ба фаъолиятҳои президенти Қазоқистон баҳои манфӣ додааст, сокинони Остонаро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ даъват кардааст".

Вакили мудофеи Сембой мегӯяд, хулосаҳои ташхиси додгоҳӣ хилофи ҳамдигар ҳастанд. Мақомот навиштаҳои Сембойро ташхис кардаанд.

Ба иттилои вакили мудофеъ, коршиносони бетараф дар навиштаҳои Сембой қонуншикание ошкор накардаанд.

Сембойро 12 май боздошт ва рӯзи баъдаш барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтанд.