Дар Белорус барои ҷангҷӯёни "Вагнер" урдугоҳ месозанд

Дар Белорус ба сохтани урдугоҳҳо барои ҷойгирсозии ҷангҷӯёни ширкати муздури "Вагнер" шуруъ карданд. Ба навиштаи расонаҳо, яке аз чунин урдугоҳҳо дар наздикии шаҳри Осиповичии вилояти Могилёв ҷойгир аст ва барои ҳашт ҳазор ҷангҷӯ пешбинӣ шудааст.

Теъдоди дақиқи чунин урдугоҳҳо хабар дода намешавад.

Шаҳри Осиповичи дар 200-километрии марзи Украина ҷойгир аст.

Баъди ошӯби мусаллаҳонаи муздурони "Вагнер" рӯзи 25 июн роҳбари худкомаи Белорус Александр Лукашенко бо роҳбари ин гуруҳ Евгений Пригожин тамос гирифт. Дар натиҷаи гуфтугӯ Пригожин розӣ шуд, ки "роҳпаймоии адолат"-ашро аз масири Маскав боздорад. Он замон сухангӯи Кремл Дмитрий Песков гуфта буд, ки "Пригожин ба Белорус меравад". Дар бораи ба Белорус фиристодани неруҳои "Вагнер" хабаре набуд.

Бо ин вуҷуд, дар Русия нуқтаҳои қабули ҷангҷӯёни нав ба сафи "Вагнер" корашонро дубора шуруъ кардаанд. Расонаҳои Русия навиштанд, ки рӯзи душанбеи 26 июн дар шаҳрҳои Новосибирск ва Тюмен чунин нуқтаҳо фаъол буданд.