Аз вакилони қирғиз хостанд қонуни монанд ба Русияро қабул накунанд

Ҳаракати ҳомии ҳуқуқи "Бир дуйно - Қирғизистон" аз порлумони ин кишвар хостанд, тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ"-ро баргардонад. Намояндагони ин ҳаракат рӯзи 26-уми июн бо ин мазмун дар назди бинои порлумон варақа тақсим карданд.

"Мо аз шумо даъват мекунем, ки Конститутсияи Қирғизистонро поймол накунед ва тарҳи қонуни зиддиконститутсиониро бозхонд намоед, ки хилофи созмонҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва расонаҳо аст", - омадааст дар муроҷиатнома.

Ахиран ҳуқуқшинос Таттибубу Эргешбоева хабар дод, тарҳи қонун "дар бораи намояндагони хориҷӣ", ки мебоист рӯзи 27-уми июн дар порлумони Қирғизистон баррасӣ шавад, аз дастури кор бардошта шудааст.

Бар асоси тарҳи қонун, дар Қирғизистон мехоҳанд, созмонҳои иҷтимоӣ ва созмонҳои ғайридавлатиеро "намояндаи хориҷӣ" унвон кунанд, ки аз хориҷ маблағгузорӣ мешаванд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқӣ низ аз мақомоти Қирғизистон хостанд, ки ин тарҳро қабул накунанд. Тарҳи мазкурро ба қонуни Русия дар бораи "агентҳои хориҷӣ" ташбеҳ мекунанд.