Шумораи афроде, ки дар пайи ҳамлаи мушакии Русия дар Киев кушта шудаанд, ба панҷ нафар расид.
Ҳукумати маҳаллӣ хабар дод, ки рӯзи 25-уми июн ҷасади боз ду нафари дигарро аз зери харобаҳо берун кардаанд.
Дар пайи афтодани як пораи мушак ба манзили 25 ошёна дар Соломенскии Киев ин бино хароб шудааст.
Вазорати корҳои дохилии Украина хабар дод, ки 14 нафар ҷароҳат бардоштааст ва 24 нафари дигарро аз зери харобаҳо наҷот додаанд. Инчунин, 40 мошин зиён дидааст.
Русия дар оғози ҳамлаи худ ба Украина талош кард, Киев, пойтахти ин кишварро ғасб кунад, вале натавонист. Аз он замон то кунун пойтахти Украинаро мушакборон мекунад. Аксари мушакҳои Русияро системаи зиддиҳавоии Украина маҳв мекунад ва бештари харобиҳо бар асари афтодани пораҳои шикастаи мушакҳо рух медиҳад.